Сентябр 17, 2019 17:47 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раиси собиқи СИА аз ноуҳдабароии Трамп

Раиси собиқи созмони СИА (ЦРУ) бо интиқод аз изҳороти ҷангталбонаи ахири Доналд Трамп дар бораи ҳамлаи паҳподии яманиҳо ба таъсисоти “Арамко” гуфт, ноуҳдабароии Трамп Амрикоро дар як чолиши байналмилалӣ гирифтор кардааст.

Ба гузориши ИРНА, Ҷон Бреннан, раиси собиқи Ожонси иттилооти марказии Амрико (СИА) рӯзи сешанбе дар паёме твиттерӣ навишт, ҳеҷ шакке вуҷуд надорад, ки Трамп ин буҳронҳоро бо хориҷ шудан аз таваффуқи ҳастаӣ ва эъломи ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон шитоб медиҳад.

Ҷон Бреннан афзуд, акнун Амрико ба хотири ноуҳдабароӣ ва бепарвоии Трамп бо як чолиши амниятии миллӣ-байналмилалӣ мувоҷеҳ аст ва барои хориҷ шудан аз ин буҳрон, як вокуниши стратегӣ, ки мавриди ҳимояти ҳар ду ҳизб бошад, мавриди ниёз аст.

Раисҷумҳури Амрико дар паёме твиттерӣ дар вокуниш ба ҳамалоти паҳподӣ алайҳи полоишгоҳҳои вобаста ба “Арамко” муддаӣ шуд, ки омодаи ҳамлаи низомӣ аст, аммо мунтазир аст то саудиҳо таъйид кунанд, ки ин ҳамла кори чӣ касе будааст.

Ягони паҳподии артиши Яман рӯзи шанбе бо 10 паҳпод полоишгоҳҳои “Буқайқ” ва “Хурайс” , мутааллиқ ба ширкати миллии нафти Арабистон – “Арамко” - ро ҳадаф қарор дод.

Ин яке аз бузургтарин ҳамалоти артиш ва нерӯҳои мардумии Ансоруллоҳ ба Арабистони Саудӣ аз замони таҷовузи низомии ин режим ба Яман аз соли 2015 то кунун арзёбӣ шудааст.

 

Барчасп