Сентябр 18, 2019 17:27 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори террористӣ дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон

Манобеи хабарӣ аз инфиҷори бомба дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон хабар доданд.

Манобеи амниятии Афғонистон эълом карданд, ин инфиҷор имрӯз (чаҳоршанбе) дар ҳавзаи севуми амниятии шаҳри Ҷалолобод ва наздики маҳалли тавзеи шиносномаҳои электронӣ рӯй дод.

Аз талафот ва ҷузъиёти бештар ин инфиҷор гузорише дарёфт нашудааст.

То кунун шахс ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷори террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.

 

Барчасп