Кремл: Посухи кӯбанда ба Амрико хоҳем дод
Сухангӯи раисҷумҳури Русия эълом кард: Маскав ба далели виза надодани Вашингтон ба мақомоти ин кишвар барои ҳузур дар Маҷмаи умумии Созмони милал дар Ню-Йорк, посухе қотеъ ва кӯбанда ба Амрико хоҳад дод.
Ба нақл аз ИРНА, Дмитрий Песков дар гуфтугӯ бо шабакаи Россия-24 дар мавриди иқдоми давлати Амрико дар виза надодан ба аъзои ҳайати русии ширкаткунанда дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт: Ин вазъият бисёр нигаронкунанда аст чаро, ки Амрико тааҳҳудоти байналмилалии худро нақз кардааст.
Вай афзуд: Иқдомоти дипломатӣ дар ин арса идома дорад ва сафорати Русия дар Вашингтон низ тадбирҳоеро дар пеш мегирад.
Сухангӯи Путин гуфт: Ин иқдоми Амрико ниёз ба посухи муҳкам дорад ва давлати Русия ба он посух медиҳад, аммо Созмони Милал низ бояд вокуниш нишон диҳад, зеро ин авзоъ ба Созмони Милал низ, ки мақарри он дар Амрико қарор дорад, марбут мешавад.