Узвияти Афғонистон дар Шӯрои тиҷории Амрико ва Осиёи Марказӣ
(last modified Thu, 26 Sep 2019 10:22:50 GMT )
Сентябр 26, 2019 15:22 Asia/Dushanbe
  • Узвияти Афғонистон дар Шӯрои тиҷории Амрико ва Осиёи Марказӣ

Афғонистон узви Шӯрои тиҷории Амрико ва Осиёи Марказӣ мешавад.

Дар соли 2004 мелодӣ дар Вашингтон, Амрико ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ қарордоде барои тавсеаи равобит дар заминаи тиҷорату сармоягузорӣ (Framework Trade and Investment Agreement , TIFA ) имзо карданд.

Ба гузориши “Форс”, Вазорати умури хориҷаи Ӯзбакистон дар баёнияе эълом кард, ин кишвар аз узвияти Афғонистон дар Шӯрои тиҷориву сармоягузории Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчӯби нишасти давраии Шӯрои TIFA дар Вашингтон дар моҳи октябри соли ҷории мелодӣ ҳимоят мекунад. 

Дар ин миён тарафи ӯзбак бар ҷазби Афғонистон ба тарҳҳои иқтисодии минтақаӣ таъкид кард.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон дар суханоне изҳор дошт, Тошканд тарафдори фаъоли пешбурди ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар чорчӯби “C5 + 1” аст.

Вай афзуд, Ӯзбакистон пешбурди равобити зербиноӣ, ҳамлу нақлӣ ва мухобиротӣ, фарҳангиву инсонӣ, илмӣ ва омӯзиширо муҳим медонаду хостори ҷазби кумакҳо дар умури аз байн бурдани паёмадҳои тахриби баҳри “Арал” аст.

Дар чорчӯби дидорҳои “C5 + 1” гуфтугӯӣ кӯтоҳи вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон ва Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико анҷом шуд ва масоили рӯзи дастури кори 2 кишвар баррасӣ шуд.

Қолаби “C5 + 1” чорчӯби ҳамкориҳои мутақобил байни 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико мебошад.

Қолаби ҷадиди ҳамкориҳои мутақобили кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико (C5 + 1) барои ҳаллу фасли масоили минтақаӣ дар моҳи сентябри соли 2015 мелодӣ тавассути Амрико ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон эҷод шудааст.