Роҳандозии бахши ҳалол дар ширкати ҳамли бори ҳавоӣ дар Малайзия
(last modified Thu, 26 Sep 2019 12:04:45 GMT )
Сентябр 26, 2019 17:04 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии бахши ҳалол дар ширкати ҳамли бори ҳавоӣ дар Малайзия

Ширкати ҳамли бори ҳавоӣ дар Малайзия бахши ҳалол роҳандозӣ кард.

Барои нахустин бор дар ҷаҳон як ширкати ҳамли бори ҳавоӣ бо номи MS Cargo дар Селонгури Малайзия муваффақ ба гирифтани гувоҳиномаи ҳалол шуд. Ин ширкат бахши тадорукоти ҳалол роҳандозӣ кардааст.

Иброҳим Муҳамадсолеҳ, мудири иҷроии ин ширкат, дар нишасте эълом кард, роҳандозии ин бахш ду сол ба тӯли анҷомид ва ин ширкати ҳамли бори миллӣ муваффақ шуда дар 1 майи 2019 аз идораи умури исломии Малайзия муҷаввиз ва гувоҳиномаи ҳалол дарёфт кунад.

Ин нахустин боре аст, ки як ширкати ҳамли бор дар ҷаҳон аз Ҷеким гувоҳиномаи ҳалол дарёфт мекунад.

Муҳаммадсолеҳ гуфт, бахши тадорукоти ҳалол мутаносиб бо ниёзҳои санъати ҳалол барои ҷобаҷоии мутмаин ва эмини борӣ дар назар гирифта шудааст. Бар асоси гузорише, ки тавассути гурӯҳи таҳқиқ ва мушовираи таҷзия ва таҳлили бозори байналмилалӣ ироа карда, пешбинӣ шуда, ки арзиши ҷаҳонии маводи ғизоии ҳалол то соли 2023, ба 2.6 триллиондоллари Амрико бирасад ва мо умедворем, ки то соли 2020 битавонем барои ба ҳадафи миллии ҳалол ба арзиши 50 миллиард ринггит (воҳиди пули Малайзия) даст пайдо кунем.

Иброҳум гуфт, мо дар назар дорем, ки муштариёни бештариро барои бахши тадорукоти ҳалол ҷазб кунем. Албата мо ба дунболи шарикони тиҷорӣ дар бахши киштиронӣ низ ҳастем.

Гуфтанист, ширкати ҳавопаймоии ҳамли бори MS Cargo дар таърихи 1972 милодӣ таъсис шудааст. Дафтари марказии MS Cargo дар Селонгури Малайзия воқеъ шудааст ва ба 11 мақсад парвоз анҷом медиҳад.