Сентябр 26, 2019 18:28 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи нахустин масҷиди шаҳри Байоннаи Амрико то соли 2020

Нахустин масҷиди шаҳри Байоннаи Амрико то соли 2020 ифтитоҳ мешавад.

Ҷомеъаи исломии шаҳри Байонна дар иёлати Ню-Ҷерсӣ, ки барои гирифтани муҷаввизи сохти масҷид талошҳои зиёде, карда ва ҳатто ба додгоҳи федерол шикоят кардаанд, то соли 2020 соҳиби масҷид мешаванд.

Ба гуфтаи масъулони шаҳри Байонна дар иёлати Ню-Ҷерсии Амрико, нахустин масҷиди ин шаҳр қарор аст дар авоили соли 2020 ифтитоҳ гардад.

Ин масъулин пешбинӣ кардаанд, ки масҷид то камтар аз 6 моҳи дигар барои фаъолият омода шавад.

Ваҳид Акбар, дабири умӯри мусулмонони Байонна гуфт, ин прожа, ки дар ибтидо тавассути шаҳрдорӣ рад шуда буд, акнун намоде аз пешрафт дар ҷомеъае аст, ки даҳҳо сол маҳали сукӯнати хонаводаҳои мусулмон будааст.

Вай гуфт, ки сохтумон, ки дар интиҳои хиёбони бисту чаҳорум воқеъ шуда, дар ҳудӯди 60 дарсад комил аст.

Акбар гуфт, ки беш аз якуним сол пас аз дарёфт 400 ҳазор доллар ғаромат, созмон умедвор аст, ки ин макон сохта шавад ва инки масҷид мафҳуми бисёр арзишманде аз назари ҷомеъат исломӣ дорад.

Вай хотирнишон кард, ба назари ман пешрафти фарорӯи Байонна аст. Шаҳр ва давлати маҳаллӣ ба ин натиҷаи расидаанд, ки танаввуи ҷамъият ва арзишгузориро мехоҳанд ва фикр мекунам, ки ин сигноле дар ҷиҳати мусбат маҳсӯб мешавад. Бавижа ба унвони мусулмоне, ки беш аз 30 сол дар шаҳри Байонна зиндагӣ кардаам, мо ҳеч гоҳ масҷиде надоштаем.

Гуфтанист, маъракаи ҷамъоварии кумакҳои молӣ дар Фейсбук барои масҷид, ки дар моҳи Рамазон дар авоили соли ҷорӣ баргузор шуд, беш аз 57 ҳазор доллар ҷамъоварӣ кард. Гурӯҳи мусулмонони Байонна ҳунӯз 300 ҳазор доллари дигар барои такмили пружа ниёз доранд, аммо Акбар итминон дорад, ки ин кор то январ ё феврал анҷом хоҳад шуд.

 

Барчасп