Сентябр 26, 2019 18:50 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Лавров бар ҳимояти Русия аз давлати мустақили Фаластин

Вазири умури хориҷаи Русия бар тадовуми ҳимояти Маскав аз таъсиси давлати мустақили Фаластин таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе эълом кард: Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи ин кишвар чаҳоршанбешаб, дар дидори Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар ҳошияи 74-умин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк, дар бораи тақвияти равобити дуҷониба, авзои минтақаи ғарби Осиё бавижа Фаластин ройзанӣ карданд.

Дар ин баёния омадааст, Лавров дар ин дидор бори дигар бар омодагии Русия дар тадовуми ҳимоят аз талошҳои фаластинӣ барои эҳқоқи ҳуқуқи машрӯи миллати Фаластин дар ҷиҳати таъсиси давлати мустақил, дохили марзҳои 1967 ва доштани зиндагии амну мусолиматомез таъкид кард.

Амрико беш аз як сол аст, тарҳи мавсӯм ба "муомилаи қарн"-ро бо  ҳадафи иддаои поён додан ба муноқишоти Фаластин ва режими саҳюнистӣ ироа карда, ки дар он ба ҷои шиносоии ҳаққи фаластиниҳо барои доштани давлати мустақил, бар афзоиши султаи саҳюнистҳо бар Каронаи Бохтарӣ таъкид шудааст.

Русия ва Ташкилоти худгардони Фаластин бо ин тарҳи ҷонибдоронаи Вашингтон мухолифат кардаанд.

 

Барчасп