Сентябр 26, 2019 19:39 Asia/Dushanbe
  • Пашинян: Эрон ҳамсояи стратегиии Арманистон аст

Нахуствазири Арманистон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Гурҷистони муттаҳиди аслӣ ва шарикони стратегии Ереван ҳастанд.

Никол Пашинян дар 74-умин нишасти Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк гуфт, Арманистон ҳамаи иқдомоти лозимро анҷом медиҳад, то шарике қобили эътимод ва дӯсти хуб барои кишварҳои Эрон, Русия ва Гурҷистон бошад.

Нахуствазири Арманистон афзуд, таниши мавҷӯд дар равобити ҳамсоягон ва шарикони стратегии ин кишвар, Ереванро дар мавқеияти нигаронкунанда ва дар маърази сӯитафоҳуми бархе аз ин шарикон ва ҳамсоягонаш қарор медиҳад.

Пашинян бо интиқод аз мавзеи Анкара дар инкори "наслкушии аромана" гуфт, Туркия бо имтиноъ аз барқарории равобити дипломотӣ бо Арманистон ва кумаки ошкор ба ҷумҳурии Озарбойҷон барои муқобила бо Ереван ва Қарабоғ, ҳамчунон таҳдиди амниятии ҷиддӣ барои Арманистон ва аромана маҳсӯб мешавад.

 

Барчасп