Сентябр 26, 2019 20:28 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши вазорати кишвари Афғонистон ба таҳдиди гурӯҳи Толибон

Сухангӯи вазорати кишвари Афғонистон, таҳдиди гурӯҳи Толибон мабни бар ҷилавгирӣ аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро, иқдоме таблиғотӣ донист.

Ба гузориши хабаргузории Сад ва симо аз Кобул, Нусрат Раҳимӣ, рӯзи панҷшанбе гуфт, давлати Афғонистон ба ҳеч гурӯҳи мухолифи мусаллаҳ иҷоза намедиҳад дар баргузории интихоботи раёсатҷумҳӯрӣ халале эҷод кунад.

Сухангӯи вазорати кишвари Афғонистони афзуд, давлати ин кишвар 72 ҳазор низомиро барои таъмини амнияти интихоботи раёсатҷумҳурии шанбеи оянда ба ҳолати омода бош дароварда аст.

Гурӯҳи Толибони рӯзи панҷшанбе дар баёнияе ҳушдор дод, аз раванди баргузории интихобот дар саросари Афғонистон ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Дар ин баёния омадааст, марокизи ахзи раъйи баргузоркунандагони интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон аз аҳдофи низомии гурӯҳи Толибон маҳсқб мешавад.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 12 номзади раёсатҷумҳурӣ, аз ҷумла Муҳамад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон, бо якдигар рақобат хоҳанд кард.

 

Барчасп