Таъкиди мақоми амрикоӣ бар ифшои муомилаи Трамп дар парвандаи Хошуқҷӣ
Беренӣ Сандерз сенатори демократи конгираи Амрико шанбешаб дар твитте зимни дархости интишори матни хоми муколимаи телефонии Трамп бо Муҳаммад бин Салмон гуфт, мардуми Амрико ҳақ доранд бидонанд, ки Трамп бо диктатори саудӣ чи муомилаҳое кардааст.
Ба нақл аз Радиои тоҷикии Садои Хуросон, мақомоти давлати Амрико ба вижа Трамп дар рӯзҳое, ки Арабистон бо сели интиқодот ба далели қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди саудӣ ру ба ру буд аз саудиҳо дифоъ карданд.
Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико 20 ноябри 2018 дар баёнияе эълом кард Амрико шарики Арабистон боқӣ хоҳад монд ҳатто агар валиаҳди саудӣ аз тарроҳии қатли Хошуқчӣ иттилоъ дошта бошад.
Рӯзноманигори ВашингтонПост дар гузорише эълом кард, Вашингтон ва Риёз талош мекунанд қатли Хошуқҷиро ба гунае тафсир кунанд, ки нақши бин Салмон дар он инкор шавад.
Ҷамол Хошуқчӣ рӯзноманигори мунтақиди саудӣ дуввуми октябри 2018 дар консулгарии Арабистон дар Истанбул ба тарзи фаҷие ба дасти маъмурони эъзомшуда аз Риёз ба қатл расид.
Хошуқҷӣ дар рӯйхатти ашхоси боздоштӣ ва таҳти таъқиби режими саудӣ қарор дошт ва аз бими дастгир шудан дар хориҷ аз Арабистон зиндагӣ мекард.