Сентябр 29, 2019 18:45 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши

Гурӯҳи "Толибон" мушорикати мардуми Афғонистон дар интихоботи раёсатҷумҳурии шанберо камранг ва нишонаи мухолифати афғонҳо бо идомаи ҳузури низомиёни хориҷӣ дар кишварашон донист.

Ба гузориши хабаргузории Тасним,  "Толибон" имрӯз дар баёнияе эълом кард: Мушорикати поини мардум дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон нишондиҳандаи мухолифати мардум бо идомаи "ишғол"-и ин кишвар аст.

"Толибон" дар ин баёния муддаӣ шуд, дар рӯзи интихобот 530 ҳамла дар саросари Афғонистон анҷом дода, ки бар асари ин ҳамалот 258 нерӯи амниятӣ куштаву 164 тани дигар захмӣ шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Пижвок, бузургтарин агентии хабарии мустақили Афғонистон дар оморе мутафовит эълом кард, рӯзи гузашта 113 ҳамла тавассути гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он дастикам 32 нафар куштаву 123 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи бархе манобеъ аз 9 миллиону 600 ҳазор нафаре, ки барои ширкат дар интихботи раёсатҷумҳурии Афғонистон номнависӣ карда буданд, ҳудуди ду миллион нафар дар интихоботи дирӯз ширкат кардаанд.

 

Барчасп