Сентябр 30, 2019 20:09 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Толибон дар бораи тасарруфи ду шаҳристони вилояти Тахор

Толибон муддаии тасарруфи шаҳристонҳои Баҳорак ва Хоҷағор дар вилояти Тахори Афғонистон шуд.

Толибон эълом кард, дар пайи суқути ин ду шаҳристон 32 нерӯи давлатӣ кушта ва 24 тани дигар захмӣ шуданд.

Шаҳристони Баҳорак барои дувумин бор даст бадаст мешавад ва нируҳои давлатӣ рӯзи шанбеи гузашта муваффақ шуда буданд, маркази Баҳоракро аз тасарруфи Толибон озод кунанд, аммо якшанбе бори дигар бадасти Толибон суқут кард.

Ҳамчунин гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки дар ҳамалоти ҳавоии шаби гузашта дар вилояти Тахор 30 тан аз нируҳои мардумӣ, ки алайҳи Толибон меҷангиданд кушта шудаанд.

Ҷавод Ҳиҷрӣ, сухангӯи устондори Тахор ин ҳамларо таъйид кард, аммо ба ҳавопаймоҳои муҳоҷим, ки марбут ба артиши Афғонистон ё низомиёни хориҷӣ аст, ишорае накард.

 

 

Барчасп