Октябр 01, 2019 19:16 Asia/Dushanbe
  • Исрофи солона 26 миллион тон ғизо дар Туркия

Солона 26 миллион тон ғизо, муодили 214 миллиард лира дар Туркия исроф ва дур рехта мешавад.

Ба гузориши “Тасним”, Азиз Ок Гул, мудири Бунёди пешгири аз исроф дар Туркия бо баёни ин ки дар ин кишвар солона 26 миллион тон ғизо исроф ва дур рехта мешавад, гуфт, ҳамчунин солона 49 миллион тон меваву 25 то 40 дарсад сабзиҷот исроф мешавад ё аз байн меравад.

Ин мақоми турк афзуд, ин мизон ҳадаррафти меваву сабзиҷот 4 баробари содироти Туркияро дар бар мегирад.

Мудири Бунёди пешгирӣ аз исрофи Туркия ёдовар шуд, ҳамчунин рӯзона дар ин кишвар 4 миллиону 900 ҳазор ва солона як миллиарду 700 миллион қурс нон исроф мешавад.

Ок Гул бо ишора ба исрофи мардуми Туркия дар ҳавзаи об низ гуфт, дар ҳоле ки стандарти масрафи оби ҳар инсон рӯзона 150 литр аст, аммо дар Туркия саронаи масраф 217 литр аст, ки ин мавзуъ қобили қабул нест.

 

Барчасп