Ифшои пешниҳоди Арабистон ба Амрико барои барандозии сесолаи ҳукумати Эрон
(last modified Tue, 01 Oct 2019 15:45:49 GMT )
Октябр 01, 2019 20:45 Asia/Dushanbe
  • Ифшои пешниҳоди Арабистон ба Амрико барои барандозии сесолаи ҳукумати Эрон

Рӯзномаи лубнонии “Алахбор” бар асоси санаде фош кард, ки Арабистон ду соли пеш тарҳе барои барандозии сесолаи ҳукумати Эрон ба раисҷумҳури Амрико ироа карда, аммо ин тарҳ шикаст хурдааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, рӯзномаи “Алахбор” –и Лубнон рӯзи сешанбе мӯҳтавои санади ҷадид аз Арабистони Саудиро мунташир кард, ки таърихи он ба соли 2017 бозмегардад ва мавзӯи он тарҳ барандозии низоми Эрон дар муддати се сол аз тариқи шарокат бо Амрикост.

Санаде, ки ин рӯзномаи лубнонӣ ба он даст пайдо кардааст, ҳамкории феълии Арабистон ва Амрико ба раёсати Доналд Трампро қобили дарк мекунад, нишон медиҳад, ки муомилаи бузурги ин ду кишвар, ки шомили тарҳҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ба арзиши миллиардҳо доллар аст, чӣ моҳияте дорад.

Дар пайи шикасти ин тарҳ, ба тадриҷ дар моҳҳои ахир лаҳни Муҳаммад бин Салмон алайҳи Эрон комилан тағйир ёфта ва чанд рӯзе аст, ки расонаҳои мухталиф гузориш кардаанд, ки Бин Салмон ошкоро аз ҳар гуна даргирӣ бо Эрон иҷтиноб мекунад ва аз роҳкори сиёсӣ барои ҳалли мушкил бо Эрон сухан мегӯяд.

Валиаҳди Саудӣ аз замони ба қудрат расидан, мавозеи зиддиэронии худро борҳо такрор ва Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам карда ва дар соли 2017 сароҳатан дар гуфтугӯ бо шабакаи “Алахбория”-и саудӣ гуфта буд, ки набард бо Эрон бояд ба дохили ин кишвар кашида шавад.

Тибқи ҷузиёти ин санад, соҳибони тасмим дар Арабистони Саудӣ ба шиори “Интиқоли набард ба дохили Эрон”, ки валиаҳд онро эълом кард, басанда накарда ва “коргурӯҳи Эрон” -ро, ки байни Риёзу Вашингтон муштарак аст, ташкил додаанд, ки ҳадафаш дар “камтарин сатҳ” “интиқоли бесуботӣ ба дохили марзҳои Эрон” ва “дар болотарин сатҳ” рӯйи кор овардани низоме ҷойгузин дар Теҳрон аст, ки “дар хидмати манофеи подшоҳи Саудӣ ва Иёлоти Муттаҳида” бошад.