Ихтилоли ҷаҳонӣ дар шабакаи иҷтимоии Twitter
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47208-Ихтилоли_ҷаҳонӣ_дар_шабакаи_иҷтимоии_twitter
Шабакаи иҷтимоии Твиттер аз бомдоди имрӯз (чоршанбе) дар бештари нуқоти ҷаҳон дучори ихтилол шуд ва бисёре аз корбарони ин шабака имкони вуруд ба ҳисоб бар рӯи ду сайти Twitter ва TweetDeck-ро пайдо накарданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 02, 2019 14:39 Asia/Dushanbe
  • Ихтилоли ҷаҳонӣ дар шабакаи иҷтимоии Twitter

Шабакаи иҷтимоии Твиттер аз бомдоди имрӯз (чоршанбе) дар бештари нуқоти ҷаҳон дучори ихтилол шуд ва бисёре аз корбарони ин шабака имкони вуруд ба ҳисоб бар рӯи ду сайти Twitter ва TweetDeck-ро пайдо накарданд.

Ба нақл аз ИРНА, ҳисоби махсуси Твиттер дақоиқе пеш зимни тасдиқи ин ихтилол навишт: Мо мутаваҷҷеҳи аз дастрас хориҷ шудани Twitter ва TweetDeck дар саросари ҷаҳон шудем. Корбарон эҳтимолан барои вуруд ба  он мушкил ё бо паёми хатои вуруд мовоҷеҳ мебошанд.

Шабакаи иҷтимоии Твиттер таъкид кард, ки талош мешавад вазъият фаврӣ ба ҳолати оддӣ бозгардад.

Расади суратгирифта тавассути шабакаи иҷтимоии Твиттер нишон медиҳад, ки ин ихтилол дар ҳоли вахимтар шудан аст ва то кунун иллати ин ихтилол мушаххас нашудааст.