Октябр 04, 2019 20:05 Asia/Dushanbe
  • Касби ҷоизаи ҳуқуқи башари Аврупо аз сӯи фаъоли мусулмони уйғур

Фаъоли мусулмони уйғур ҷоизаи ҳуқуқи башари Аврупоро касб кард.

Илҳом Тухти, устоди донишгоҳ аз ақаллияти мусулмони уйғур, воқеъ дар ғарби Чин, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, тавонист ҷоизаи ҳуқуқи башари Шӯрои Аврупоро касб кунад.

Ба гузориши ИКНА, Илҳом Тухти, устоди донишгоҳи Аҳли минтақаи Синкёнг, дар ғарби Чин, ки ба дастури мақомоти чинӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст, ҷоизаи ҳуқуқи башари Шӯрои Аврупо, мавсум ба “Ватслав Ҳавел” -ро аз они худ кард.

Маврид ба зикр аст, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонии тоҷик низ яке аз се номзад ба дарёфти ин ҷоизаи маъруф буд, ки бо дипломи ҷоизаи “Ватслав Ҳавел” қадрдонӣ шуд. Дипломро ба бародари ин вакили зиндонӣ -Ҷамшед Ёров тақдим карданд.

Ин ҷоиза дар нишасти Маҷмаи парлумони Шӯрои Аврупо, ки дирӯз, 8 меҳрмоҳ дар шаҳри Страсбурги Фаронса баргузор шуд, ба ин мусулмони уйғур тааллуқ гирифт.

Анвар Ҷон, яке аз масъулони Шӯрои Аврупо дар маросими эътои ҷоиза ба профессор Тухти гуфт, эътои ин ҷоиза дар айни ҳол ҳам ба маънои таҷлил аз як фард ва ҳамзамон ба манзалаи тааҳҳуд барои ҳамаи мусулмонони уйғур маҳсуб мешавад.

Тухтии 45 сола, дар соли 2016 низ ҷоизаи ҳуқуқ башар дар Швейтсарияро касб карда буд. Дастгоҳи қазоии Чин дар соли 2014 ин фаъоли мусулмони уйғурро ба иттиҳоми даъват ба ҷудоии минтақаи Туркистони шарқӣ (Синкиёнг) аз давлати Чин ба ҳабси абад маҳкум кард.

Тухти дар ҷаласоти муҳокимаи худ ин иттиҳомро рад ва таъкид кард, ки танҳо ҳадафи ӯ ҳимоят аз ҳуқуқи аслии мусулмонони уйғур будааст.

Шӯрои Аврупо куҳантарин созмон барои якпорчасозии Аврупост, ки дар соли 1949 таъсис шуд. 47 кишвар бо маҷмӯи 820 миллион нафар узви ин шӯро ҳастанд.

Ҷоизаи “Ватслав Ҳавел” аз соли 2013 то ба ҳол ба Алес Биалиатский (ҳуқуқшиноси зиндонӣ аз Белорус), Анор Маммадлӣ (маҳбуси сиёсӣ аз Озарбойҷон), Людмила Алексеева (роҳбари гуруҳи Ҳелсинкии Русия), Мурод Арслон (ҳуқуқшинос аз Туркия) ва Нодия Мурод (ҳомии ҳуқуқи эзадиҳо аз Ироқ) тақдим шудааст.

 

Барчасп