Октябр 05, 2019 17:46 Asia/Dushanbe
  • Сирқати иттилоотӣ дар бузургтарин бонки Русия

Расонаҳои Русия аз сирқати иттилоотии даҳҳо миллион муштарии Сбербанк, бузургтарин бонки ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз рӯзномаи русии "Коммерсантъ", ҳаҷми иттилооти рабудашуда ҳокӣ аз ин аст, ки ин нашти иттиллоотӣ тамоми муштариёни бузургтарин бонки Русияро шомил мешавад.

Мудирияти Сбербанк эълом кардааст, ки ҳақиқӣ будани иттилооти сирқатшуда баррасӣ ва ростиозмоӣ мешавад, аммо муштариён бо ҳеҷ хатаре мовуҷеҳ нестанд.

Гуфта мешавад ин бузургтарин нашти иттилоотӣ дар таърихи бонкдории Русия ба ҳисоб меояд, зеро фурӯшандагони иттилооти соҳибони кортҳои Сбербанк муддаӣ шудаанд, ки иттилооти 60 миллион нафарро дар ихтиёр доранд.

 

Барчасп