Беш аз се ҳазор кӯдаки афғон қурбонии ҷанги Амрико
Созмони Милал эълом кард: Дар чор соли гузашта 3500 кӯдак дар Афғонистон бар асари ҷанг, инфиҷор ва ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта шудаанд.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, бар асоси ҷадидтарин гузориши Созмони Милали Муттаҳид, ки расонаҳои Афғонистон онро мунташир карданд, шумори талафот ва маҷрӯҳони кӯдакони афғон бар асари ҷангу инфиҷорҳои чор соли гузашта, дар муқоиса бо чор соли қабли он 82 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар чор соли гузашта 3500 кӯдак дар Афғонистон бар асари ҷанг, инфҷорҳо ва ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта ва беш аз 9000 кӯдаки дигар захмӣ шудаанд.
Ҳамчунин дар чор соли гузашта сеяки кулли талафоти ғайринизомиёни афғон кӯдак будаанд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид куштори кӯдаконро маҳкум ва бори дигар бар таваҷҷӯҳи ҷиддии тарафҳои даргири ҷанг ба ҳифзи ҷони ғайринизомиён таъкид кард.