Навҷавонони фарбеҳ, фарзандоне мубтало ба асм хоҳанд дошт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47322-Навҷавонони_фарбеҳ_фарзандоне_мубтало_ба_асм_хоҳанд_дошт
Муҳаққиқон мегуянд, мардоне, ки дар навҷавонӣ фарбеҳ будаанд ду баробари мардоне, ки фарбеҳ набудаанд фарзандони мубтало ба асм хоҳанд дошт.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Октябр 06, 2019 07:59 Asia/Dushanbe
  • Навҷавонони фарбеҳ, фарзандоне мубтало ба асм хоҳанд дошт

Муҳаққиқон мегуянд, мардоне, ки дар навҷавонӣ фарбеҳ будаанд ду баробари мардоне, ки фарбеҳ набудаанд фарзандони мубтало ба асм хоҳанд дошт.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Муҳаққиқони улум пизишкӣ дар донишгоҳи Бергени Норвегия эълом карданд мардоне, ки дар навҷавонӣ фарбеҳ будаанд ду баробари мардоне, ки фарбеҳ набудаанд фарзандони мубтало ба асм хоҳанд дошт.

Мутолиаи муҳаққиқони норвегӣ бар руи писарони фарбеҳ аз ҳашт солагӣ оғоз шуд ва то замоне, ки ба воя мерасанд идома ёфт.

Ин мутолиа руи 6 ҳазору 500 кудак дар шимоли Аврупо, Спания ва Австралия анҷом гирифтааст.

Авомили таъсиргузор дар эҷоди фарбегӣ монанди авомили ирсӣ, пурхурӣ, тағйири сухту сози бофти чарбӣ, коҳиши тавлиди гармо, коҳиши фаолияти ҷисмӣ бидуни коҳиши миқдори ғизои дарёфтӣ ва масрафи бархе аз доруҳост.

Афзоиши чарбии шикам низ, ки ба фарбегии шикам мавсум аст бо афзоиши хатари бурузи бемориҳои қалбӣ уруқӣ ҳамроҳ аст.