Октябр 07, 2019 18:33 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии донишҷӯёни масеҳии Филиппин аз нишасти «Марям дар Қуръон»

Гурӯҳе аз донишҷӯёни масеҳии Мадрасаи адёни шарқи Филиппин бо ирсоли паёмҳое ба ройзании фарҳангии Эрон дар Манила аз барномаи Қуръонии ахири Эрон дар ин мадраса қадрдонӣ карданд.

Ройзании фарҳангии Эрон дар Манила, нишасти муштаракоти Ислом ва Масеҳият бо унвони «Марям дар Қуръон»-ро дар Мадрасаи адёни шарқии ҷунбиши Фоколораи Филиппин дар шаҳри Тагайтай баргузор кард. Ин барнома ба даъвати ҷунбиши Фуколораи шӯъбаи Филиппин, ки зери назари поп, раҳбари католикҳои ҷаҳон, фаъол аст, баргузор шуд ва бо коргоҳи хушнависии эронӣ ҳамроҳ буд.

Дар ин маросим, ки ба муддати чаҳор соат идома ёфт, ҳудуди 50 нафар аз донишҷӯёни кишварҳои мухталифи осиёӣ ва аъзои аршади ҷунбиши гуфтугӯи адёни Фуколора ҳузур доштанд.

Дар оғози барнома филми кӯтоҳе аз Эрон ва сипас бахшҳое аз филми ҳазрати Марям(а) барои донишҷуён ба намоиш даромад, ки маврид таваҷҷуҳ қарор гирифт.