Октябр 08, 2019 12:24 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Путин ва Жээнбеков; вазъияти минтақа меҳвари ройзанӣ

Раисони ҷумҳури Қирғизистон ва Русия дар як гуфтугӯи телефонӣ масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба ва байналмиллалиро баррасӣ карданд.

Сооронбой Жээнбеков раиси ҷумҳури Қирғизистон ва Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия дар як гуфттугӯи телефонӣ охирин вазъияти минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба нақл ааз Форс, Путин ва Жээнбеков дар масоили марбут ба ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар идома раисони ҷумҳури Қирғизистон ва Русия масоили омодасозӣ барои баргузории Нишасти сарони кишварҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ки дар таърихи 28 ноябри соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор мешавадро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тарафайн дар поён бо ибрози ризоят аз вазъияти феълии равобити дуҷониба байни Қирғизистон ва Русия бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ таъкид карданд.