Интишори роҳнамои муқобила бо зӯргӯӣ барои хонаводаҳои мусалмони амрикоӣ
(last modified Sat, 12 Oct 2019 06:56:36 GMT )
Октябр 12, 2019 11:56 Asia/Dushanbe
  • Интишори роҳнамои муқобила бо зӯргӯӣ барои хонаводаҳои мусалмони амрикоӣ

Шурои равобити амрикоии исломӣ ба муносибати моҳи миллии тақвияти огоҳӣ барои пешгирӣ аз зӯргӯӣ дар Амрико роҳнамои муқобила бо зӯргӯӣ барои хонаводаҳои мусалмони ин кишварро мунташир кардааст.

 Ба нақл аз ИКНО, дар шароите, ки исломҳаросӣ бо зуҳури Трамп дар Амрико шиддат гирифта, ин шуро китобчаи роҳнамое барои муқобила бо зӯргӯӣ алайҳи донишомӯзони мусалмон мунташир кардааст.

Ҳадафи аслии ин роҳанмо, тавонмандсозии хонандагони мусалмон дар муқобили зӯргӯӣ аст.

Унвони ин роҳнамо "Таассуб ва зӯргӯӣ: тавонмандсозии кудакони мусалмон дар асри исломҳаросӣ" аст ва дар он барои хонаводаҳо ва ҷомеаҳои мусалмон дар ҷиҳати пешгирӣ аз таассуб, нафратпароканӣ ва исломҳаросӣ дар мактабҳо тавсияҳое корбурдӣ ироа шудааст.

Ҳамчунин ҷузваҳое бо унвонҳои "дар сурати ру ба руӣ бо зӯргӯӣ дар мактаб чи кунем" ва "Ҳуқуқи худро бишносед" барои хонандагони мусалмони амрикоӣ илова бар англисӣ ба забонҳои арабӣ, банголӣ, бусниёӣ, форсӣ, сомалияӣ ва урду мунташир шудааст.

Ин шуро дар ҳоли тадвини барномае барои мактабҳо барои пардохтан ба мавзӯоте ҳамчун зӯргӯӣ ба хонандагони мусалмон, омӯзиш ва огоҳсозии муаллимон дар бораи танаввуъ ва ҳамзистии динҳо барои муқобила бо зиддият бо ислом, таассуб ва исломҳаросӣ низ ҳаст.