Октябр 12, 2019 20:42 Asia/Dushanbe

Хиёбоне дар шаҳри Матера, пойтахти фарҳангии Аврупо, дар ҷануби Италия ба номи “Хуросон” номгузорӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар маросиме бо ҳузури мақомоти дипломатии Эрон ва Италия, дар шаҳри Матера, хиёбоне ба номи “Хуросон” номгузорӣ ва сардис (муҷассмаи ноҳияи сар) –и Фирдавсӣ, шоири ҳамосасарои эронӣ низ дар ин хиёбон ҷонамоӣ шуд.

Ҷойгоҳи Фирдавсӣ дар шеъру адаби форсӣ назди ҷаҳониён забонзад аст, аз ин рӯ ба поси бузургдошти мақоми ин шоири баландовоза, сардиси ин шоир ба зудӣ ҳамзамон бо ифтитоҳи парки бузурги Матера дар ин хиёбон насб мешавад.

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, шоири бузурги эронӣ аст, ки дар умри 80 солаи худ табъу завқи шоирӣ ва шӯру дилбастагиаш бар зинда кардани мафохири миллии Эронзамин, боиси ба вуҷуд омадани шоҳкоре бузург ба номи “Шоҳнома” шуд.

“Шоҳнома” –и Фирдавсӣ, ки наздик ба панҷоҳ ҳазор байт дорад, маҷмӯае аз достонҳои миллӣ ва таърихи бостонии подшоҳони қадим ва паҳлавонони бузурги Эрон аст, ки паҳлавониҳои онҳоро ҳамроҳ бо фатҳу зафар ва мардонагиву шуҷоат ва диндорӣ тавсиф мекунад.

Матера - шаҳре дар ҷануби Италия, пойтахти фарҳангии Аврупо дар соли 2019 ба шумор меравад.

Ин шаҳри бостонӣ дар дили шаху сахраҳо бино шуда ва дорои қадимитарин ғорҳои маснуии ҷаҳон аст, ки ҳар сол теъдоди бисёре аз гардишгарони ҷаҳонро ба худ ҷазб мекунад.

 

Барчасп