Октябр 13, 2019 10:38 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар эҳтироми ҳамаи кишварҳо ба манофеъи Эрон

Раиси ҷумҳурии Русия гуфт; қудрати бузурге монанди Эрон,ки қарнҳо вуҷуд доштааст манофеи худашро дорад ва бояд ба он эҳтиром гузошт.

Ба нақл аз  Садо ва Симо; Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия дар мусоҳибае бо шабакаҳои Иско Нюз, Аларабия ва  Раша Ту Дей аз ҳамаи кишварҳо хост ба манофеъи Эрон эҳтиром бигузоранд.

Путин бо таъкид бар ин,ки ҳамаи кишварҳо бояд манофеъи Эронро мавриди таваҷуҳ қарор диҳанд гуфт; қудрати бузурге монанди Эрон,ки қарнҳо вуҷуд доштааст мутмаинан манофеъи худашро дорад ва бояд ба он эҳтиром гузошт; дарки ихтилофоти ҷузӣ ва мавзуоти ниёзманди гуфтугу аст ва бегуфтугу ҳали ҳар масалае ғайри мункин аст.

Путин афзуд; Маскав ҳам бо Эрон ва ҳам бо кишшварҳои арабӣ робитаҳои хубе дорад.

Раиси ҷумҳурии Русия ҳамчунин тасриҳ кард; дар сурате,ки давлати ояндаи Сурия тасмим ба хуруҷи нерӯҳои рус аз ин кишвар бигирад, Маскав нерӯҳои худро аз Сурия хориҷ хоҳад кард.

Путин афзуд; касоне,ки ба таври ғайри қонунӣ дар Сурия ҳузур доранд, бояд минтақаро тарк кунанд ва ин масала дағ дағаи ҳамаи кишварҳост ва ман ҳамвора ба ҳамтоёни худ гуфтаам,ки Сурия бояд аз ҳузури низомиёни хориҷӣ раҳои пайдо кунад.

Раиси ҷумҳурии Русия гуфт; кишвараш бо Эрон, Туркия ва Амрико дар бораи ҳузури низомиёни хориҷӣ дар Сурия идома медиҳанд.