Мувофиқати Малак Салмон бо истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар Арабистон
Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ,Вос шанбе шаб аз мувофиқати Салмон бин Абдулазиз подшоҳи ин кишвар бо истиқрори нерӯҳо ва таҷҳизоти низомии амрикоӣ дар Арабистон хабар дод.
Ба нақл аз Алолам, Вазорати дифои Амрико , Пентагон рӯзи ҷумъа дар баёнияе аз эъзоми нерӯ ва ҳамчунин таҷҳизоти низомии бештар ба Арабистони Саудӣ хабар дод.
Пентагон дар ин баёния эълом кард ; Амрико се ҳазор нерӯи нав ва ҳамчунин ду сомонаи мушакии Патриот ва як сомонаи мушакии Тод дар Арабистон мустақар хоҳад кард.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико пештар эълом карда буд; Арабистон мувофиқат кардааст ҳазинаи ҳар иқдомеро,ки барои ин кишвар анҷом мешавад пардохт кунад.
Иқдоми Пентагон дар заминаи эъзоми нерӯҳо ва таҷҳизоти низомии нав ба Арабистон пас аз ҳамлаҳои ахири артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба ду полоишгоҳи ширкати миллии нафти Арабистон Оромкӯҳ анҷом мешавад,ки ба коҳиши 50 дарсадии содироти нафти ин кишвар сабаб шуд.
Ягони паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, шанбе 14 сентиябр дар посух ба ҷиноятҳои Иттилофи Саудӣ дар Яман,бо 10 фарванд паҳподи бумӣ, ин полоишгоҳҳоро ҳадаф қарор дод.