Мушовири Умрон Хон: Аҳамияти болое ба равобит бо Эрон қоил ҳастем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47527-Мушовири_Умрон_Хон_Аҳамияти_болое_ба_равобит_бо_Эрон_қоил_ҳастем
Ҳамзамон бо сафари имрӯзи Умрон Хон, нахуствазири Покистон ба Эрон, мушовири аршади вай эълом кард: Покистон ба равобити худ бо Ҷумҳурии исломии Эрон эҳтироми зиёде қоил аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 13, 2019 21:23 Asia/Dushanbe
  • Мушовири Умрон Хон: Аҳамияти болое ба равобит бо Эрон қоил ҳастем

Ҳамзамон бо сафари имрӯзи Умрон Хон, нахуствазири Покистон ба Эрон, мушовири аршади вай эълом кард: Покистон ба равобити худ бо Ҷумҳурии исломии Эрон эҳтироми зиёде қоил аст.

Фирдавс Ошиқ Аъвон, мушовири нахуствазири Покистон дар умури иттилоърасонӣ, расона ва мероси миллӣ ба унвони сухангӯи аршади давлати Умрон Хон гуфт: Сафари Умрон Хон ба Эрон ба пешбурди сулҳу субот дар минтақаи Халиҷи Форс кӯмак мекунад.

Вай дар як паёми твиттерӣ изҳор дошт: Талоши нахуствазири Покистон барои танишзудоӣ, нишондиҳандаи эътимоди раҳбарони уммати исломӣ ба тавоноии шахси Умрон Хон аст.