Октябр 14, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти “Эъҷози баёнии Қуръон” дар Миср

Нишасти “Эъҷози баёнии Қуръон” дар Миср баргузор шуд.

Нишасти “Эъҷози баёнии Қуръони Карим” аз сӯи Созмони ҷаҳонии фориғуттаҳсилони Донишгоҳи “Алазҳар”, шуъбаи устони Алғарбияи Миср, дар шаҳри Танто баргузор шуд.

Ба гузориши ИКНА, нахустин нишаст аз силсиланишастҳои “Эъҷози баёнӣ дар Қуръони карим” ба ҳиммати фориғуттаҳсилони “Алазҳар” дар маркази омӯзишии “Алаҳмадӣ” - и шаҳри Танто, маркази устони Алғарбияи Миср баргузор шуд.

Дар ин нишаст ҷамъе аз асотиди Донишгоҳи “Алазҳар”, аз ҷумла Сайф Раҷаб Қазомил, раиси пешини донишкадаи шариат ва қонуни Донишгоҳи “Алазҳари шуъбаи Алғарбия, Муҳаммад Муҳаммад, устоди тафсири Донишгоҳи “Алазҳар ва шайх Наҷот Ваҳба Авф, мударриси забони арабии “Алазҳар ҳузур доштанд.

Дар нишасти мазкур ба аҳамият ва нақши забони арабӣ ба унвони забони Қуръони Карим ва забони ҷомеъ дар дунё аз он ҷиҳат, ки омӯзаҳои дини Исломро дар ҷаҳон интишор дода ва умматҳо аз тариқи ин забон ба дини Ислом роҳ ёфтаанд, пардохта шуд. Ҳамчунин фасоҳат ва балоғати забони арабӣ ва арзишгузории эъҷози луғавӣ дар Қуръони Карим, ки муҷиби буҳту ҳайрати донишмандони ҷаҳон шудааст, дар ин нишаст мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст бар аҳамияти нақши уламои “Алазҳар” дар мубориза бо андешаҳои ифротӣ ва тахрибгарона, ки аз сӯи душманон бо ҳадафи нашри равишҳои ошубгарӣ, тақсими ҷавомеъ ба аҳзоб ва гурӯҳҳои мухталиф ва куштори якдигар нашр дода мешавад, таъкид карданд.

 

 

Барчасп