Арабистон иттилооти фоҷеаи Миноро пок кард
(last modified Sun, 25 Sep 2016 13:14:39 GMT )
Сентябр 25, 2016 18:14 Asia/Dushanbe
  • Арабистон иттилооти фоҷеаи Миноро пок кард

Пас аз гузашти як сол аз фоҷеаи Мино, давлати Арабистон тамоми иттилооти марбут ба ҷонбохтагони ин фоҷеаро пок кард.

Пас аз гузашти як сол аз фоҷеаи Мино ва кушта шудани 7480 зоир, давлати Арабистон тамоми иттилооти марбут ба ҷонбохтагони он фоҷеаро, ки дар вебсайти Вазорати беҳдошти ин кишвар қарор дошт, аз дастрас хориҷ кардааст.

Вазорати беҳдошти Арабистон дар замоне ки тамоми расонаҳои саудӣ дар бойкоти хабарӣ ба сар мебурданд ва давлати ин кишвар теъдоди ҷонбохтагони фоҷеаи Миноро 769 нафар эълом карда буд, омори зоирони ҷонбохтаро 4173 нафар эълом кард .

 Ин дар ҳолест, ки мақомоти эронӣ бо муроҷиа ба сардхонаҳои Арабистон, ин теъдодро беш аз 7 ҳазор нафар эълом карданд .

 Акнун дар вебсайти Вазорати беҳдошти Арабистон ҳеч иттилое дар бораи фоҷеаи Мино ва кушта шудани 7480 зоир вуҷуд надорад ва тамоми оморҳои марбута ҳазф шудаву посухи ҷустӯҷӯи вожаи "Мино" дар вебсайти ин вазоратхона танҳо як сафҳаи сафед аст.

Дар фоҷеаи соли гузаштаи Мино беш аз 7 ҳазор зоир, аз ҷумла 465 зоири эронӣ ба далели бемасъулиятӣ ва ноуҳдабароии ҳокимони Арабистон дар маросими ҳаҷ кушта шуданд.