Октябр 14, 2019 21:38 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими дарҳои боз дар маркази исломии Фламингтони Амрико

Маркази исломии Фламингтони Амрико маросими дарҳои боз баргузор кард.

Пас аз гуфтаҳои исломҳаросии яке аз аъзои шӯрои шаҳр, маркази исломии шаҳри Фламингтон дар Ню-Ҷерси бо баргузории маросими дарҳои боз, саъй дар эҷоди шинохт дар миёни ғайримусулмонон дорад.

Маркази исломии шаҳри Фламингтон дар иёлати Ню-Ҷерсии Амрико рӯзи гузашта маросими дарҳои боз бо ҳузури ғайримусалмонон баргузор кард ва аз меҳмононаш бо фаъолиятҳои шодибахш, гуфтумони миёнадёнӣ ва хурдани ғизо пазироӣ намуд.

Ин рӯйдод дар пайи изҳороти зиддиисломии яке аз аъзои шӯрои шаҳре дар моҳи гузашта баргузор гардид. Изҳороти Лу Риннер, узви кумитаи шаҳраки Роритон муҷиб шуд ӯ маҷбур ба узрхоҳӣ шавад ва аъзои кумита хостори истеъфои вай гарданд. Вай маҷбур шуд ба унвони муовини шаҳрдор истеъфо диҳад, аммо дар кумита боқӣ монд.

Мусулмонон бо барпоии ин маросим, аз ин намояндаи исломҳарос ва дигар мақомоти давлатӣ барои ширкат даъват карда буданд, аммо ӯ даъвати мусулмононро напазируфт. Гуфтанӣ аст, дигар масъулон, аз ҷумла шаҳрдори Фламингтон ва бархе намояндагони кумита дар ин маросим ҳузур доштанд.

Маркази исломӣ, ки дар хиёбони аслии шарқӣ воқеъ шуда, ҷамоати фаъоле дорад. Ин марказ замоне оғоз ба кор кард, ки як амрикоӣ бо номи Сталин Солозор, ки ба Ислом гиравида буд, дар январи 2005 як анборро ба маркази исломӣ тағйири корбарӣ дод ва мадрасае барои кӯдакони мусулмон роҳандозӣ кард.

Маркази исломӣ аз он замон то кунун рӯ ба рушд буда ва интизор меравад то чанд соли оянда сохтмони ҷадиди марказ низ омодаи баҳрабардорӣ шавад.

Дар нишасти рӯзи гузашта баргузоркунандагон ваъда доданд, ки маросими дарҳои боз идома пайдо хоҳад кард ва ҳамсоягон фурсатҳои зиёде барои омӯхтан дар бораи фарҳанги исломӣ ба даст хоҳанд овард.

 

 

 

 

 

Барчасп