Тури пиёдаравии “Ошноӣ бо таърихчаи мусулмонон” дар маҳаллаҳои Ню-Йорк
(last modified 2019-10-14T16:48:15+00:00 )
Октябр 14, 2019 21:48 Asia/Dushanbe
  • Тури пиёдаравии “Ошноӣ бо таърихчаи мусулмонон” дар маҳаллаҳои Ню-Йорк

Дар тури пиёдаравии “Ошноӣ бо таърихчаи мусулмонон”, ки ахиран дар маҳаллаҳои Ҳарлем ва қадимии Ню-Йорк баргузор мешавад, лидери тур бонуи мусулмоне аст ва қасд дорад гузаштат мусулмононро зинда нигаҳ дорад.

Боздидкунндагони маҳаллаи қадимӣ, аз ҷумла Ҳарлем дар шаҳри Ню-Йорк ағлаб бо турҳои пиёдаравии зиёде аз мусиқиҳои инҷилӣ гирифта то меъморӣ ва ғизоҳои маъруфи ин минтақа мувоҷеҳ мешаванд, аммо субҳи якшанбе даҳҳо боздидкунанда ба тури пиёдаравии ҷадиде бо номи “Ошноӣ бо таърихчаи мусулмонони Ню-Йорк пайвастанд.

Аз соли 2014 Кейти Миримон тақрибан як бор дар моҳ турҳои пиёдаравӣ баргузор мекунад то қарнҳо таърихи мусулмононро дар шаҳри Ню-Йорк ба ёд биоварад. Ӯ дар ин шаҳр бузург шудаву акнун дар ҳоли итмоми давраи докторӣ дар мутолеоти динӣ дар донишгоҳи Королинои Шимолӣ дар Чапел Ҳил аст. Ва бо гузашти солҳо, ҳар замон, ки ӯ ба гӯшае аз таърихчаи мусулмонон дар шаҳри Ню-Йорк мерасид, онро ба сабт мерасонд.

Ӯ мегӯяд: “Ман тамоми он катибаҳои кӯчакро гирдиҳам ҷамъ кардам ва ба ин тартииб таърихчае аз зиндагии мусулмонон дар Ҳарлем эҷод кардам”.

Ин таърих тақрибан ба 400 соли пеш бармегардад, ки бардагони Африқои Шимолӣ тавассути муҳоҷирони нидерландӣ дар он ҷо оварда шудаанд. Таваққуфгоҳ дар тур аз назми замоне пайравӣ намекунад ва фақат бар рӯйи як ҷомеаи исломӣ мутамаркиз намешавад. Дар иваз, бештар аз назари ҷуғрофиёӣ тағйир карда ва ба бархе амокини ғайриқобили интизоре дар Ҳорлем меравад.

Афроде, ки ба ин турҳо мераванд, ағлаб иртиботи хосе бо Ислом надоранд. Онҳо фақат кунҷков ҳастанд. Рот Пети, ки як бознишаста буда ва 40 сол дар Ню-Йорк зиндагӣ карда, мегӯяд: “Ман алоқаи зиёде ба турҳои пиёдаравӣ дорам, зеро роҳи хубе барои ёдгирии чизҳои ҷадид дар бораи Ню-Йорк аст ва таърихчаи мусулмонон чизе аст, ки воқеан дар бораи он зиёд намедонам”.

 

Барчасп