Октябр 16, 2019 12:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Путин ба Эрдуғон барои ҷилавгирӣ аз даргирӣ бо артиши Сурия

Руасои Ҷумҳурии Туркия ва Русия ба сурати телефонӣ дар бораи авзои шимоли шарқии Сурия пас аз оғози амалиёти низомии артиши Туркия дар ин минтақа гуфтугӯ карданд.

Ба нақл аз Тасним, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва ҳамтои туркии вай Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба сурати телефонӣ дар бораи охирин таҳаввулоти шимоли шарқии Сурия пас аз ҳамлаи артиши Туркия ба ин минтақа баҳс ва табодули назар карданд.

Раҳбарони ду кишвар дар ин гуфтугӯ бар зарурати дурӣ ҷустан аз даргирии байни ягонҳои артиши Туркия ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия таъкид карданд.

Расиҷумҳури Русия дар мавриди зарурати таваҷҷӯҳ ба авзои инсонӣ дар манотиқи марзии Сурия ва Туркия ҳушдор дод ва эълом кард, ки Русия сӯистифодаи гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДОИШ -ро аз авзои кунунии ғайри қобили қабул медонад.

Бар асоси ин баёния, Путин ва Эрдуғон ҳачунин дар тааҳҳуд ба ҳифзи тамомияти арзии Сурия таъкид кардаанд.

 

Барчасп