Тавзеи пояфзоли варзишии гаронқимат ба бехонмонҳо аз сӯи тозамусулмони лондонӣ
(last modified Thu, 17 Oct 2019 08:25:52 GMT )
Октябр 17, 2019 13:25 Asia/Dushanbe
  • Тавзеи пояфзоли варзишии гаронқимат ба бехонмонҳо аз сӯи тозамусулмони лондонӣ

Як мусулмон дар ҷануби Лондон, дар фаолиятҳои хайривии худ ҳар моҳ даҳҳо пояфзоли варзишии гаронқимат дар миёни бехонмонҳо ва ҷавонони бебизоат тавзеъ мекунад.

Мусо Нобого дар ҷануби Лондон зиндагӣ мекунад, пас аз ин ки ба дини ислом гаравид, эмонаш ба ӯ қудрати қобили таваҷҷуҳе барои амалҳои хайриявӣ ва кумак ба ниёзмандон дод.

Ба нақл аз Ҳавза, вай тасмим гирифт бахши кучаке аз як прожаро бо дусташ ба даст гирад ва пояфзолҳои варзишии босифатро ба навҷавонон ва бехонмонҳои дар хатар мебахшад.

Пас аз оташсӯии ҳавлноки Гринфилд дар 2017 онҳо кумакҳои зиёде эҳдо кардаанд. Аммо дар солҳои ахир вай мутаваҷҷеҳ шуда сифати либосҳо ва маҳсулоте, ки ба ниёзмандон эҳдо мекунанд бояд баланд бошад, то ба зудӣ хароб нашаванд. Вай, ки аз эҳдо кардани ҷинсҳои бесифат эҳсоси шармандагӣ мекард тасмим гирифт аз ин пас тағйироте дар сифати маҳсулот анҷом диҳад.

Ба ин тартиб вай тарҳе ибтикорӣ бо номи Расул роҳандозӣ кард ва пояфзолҳои тоза ва нав ба бехонмонҳо ва ҷавонони бебизоате, ки дар хатари хушунатҳои дастаҳои хилофкор ва масрафи маводи мухадир қарор доранд тақдим мекунад.

Мусо дар ин бора ба хабарнигорон гуфт, эмон нақши муҳиме дар тасмими ман барои бахшиш дошт, ҳарчанд фарҳанге, ки ман бо он бузург шудаам низ ин гуна будааст.

Гуфтанӣ аст ба таври миёна ибтикори Расул ҳар моҳа 150 то 200 пар пояфзол эҳдо мекунад. Коре, ки ба сурати як прожаи ҷонибӣ барои кумак ба ҷомеаи маҳаллӣ дар ҷануби Лондон оғоз шуд ба зудӣ ба як амалиёти бузургтар тағйир ёфт. Ҳамакнун Расул ҳафтае ду то се бор эҳдо анҷом медиҳад ва тақрибан 170 пар пояфзол ба арзиши 14 ҳазору 450 доллар дар моҳ дар миёни бехонмонҳо пахш мекунад.