Октябр 17, 2019 16:13 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи як маркази исломӣ дар Индонезия аз сӯи ҷамъияти хайрияи кувейтӣ

Ҷамъияти хайрияи “Ал Раҳма ал Оламия”-и Кувейт, як маркази исломӣ дар Индонезия таъсис кард.

Ҷамъияти хайрияи “Ал Раҳма ал Оламия”-и Кувейт ба манзури нашри фарҳанги исломӣ дар миёни ҳамаи мусулмонон ва ироаи тасвири дурусте аз арзишҳо ва омӯзаҳои динӣ, иқдом ба таъсис ва ифтитоҳи як маркази исломӣ дар Индонезия кард.

Ин маркази исломӣ шомили як масҷид бо гунҷоиши 200 намозгузор ва 100 нусха аз Қуръон, вузӯхона ва сервиси беҳдоштӣ ва як синфхонаи омӯзишии муҷаҳҳаз ба имконоти лозим бо гунҷоиши 24 донишомӯз аст.

Масъулони ҷамъияти хайрияи мазкур дар бораи таъсиси ин маркази исломӣ дар Индонезия гуфтанд, ҳадафи ин марказ, фаъолиятҳои таблиғи динӣ, тарбиятӣ ва иҷтимоӣ аст ва тамоми талоши Ҷамъияти хайрияи “Ал Раҳма ал Оламия” низ ҳимоят ва посдошти дин ва китоби Худо аст.

 

Барчасп