Октябр 17, 2019 17:59 Asia/Dushanbe
  • Дархости донишҷуёни Донишгоҳи Оттава барои сохти намозхонаи муносиб

Дар ҳоле, ки токунун чандин мартаба ваъдаи сохти вузӯхона ва эҷоди як намозхонаи муносиб ба донишҷуёни мусулмони Донишгоҳи Оттава дода шудааст, аъзои Анҷумани исломӣ барои таҳаққуқи ваъдаҳо талош мекунанд.

Донишҷуёни мусулмони Донишгоҳи Ottawa (Оттава), бо таваҷҷуҳ ба инки намозхонаи бисёр кӯчаке доранд, хостори тавсеаи фазои толори намозхона ҳастанд. Онҳо ҳамчунин мегӯянд, вузӯхонае, ки 4 сол пеш ваъдаи таъсиси он тавассути масъулини донишгоҳ дода шуда буд, ҳанӯз роҳандозӣ нашудааст.

Дар соли 2014 Анҷумани донишҷуёни мусулмони Донишгоҳи Оттава бо эҷоди  маъракае, тарҳеро барои тавсеаи фазои бештар барои намозхона дар маркази «Миёни адёнӣ»-ии кунунӣ доданд. Ин дар ҳоле аст, ки шумори донишҷуёни мусулмон дар ин донишгоҳ ҳар сола афзоиш пайдо мекунад.

Се ҳафта пеш донишгоҳ як намозхонаи муваққатӣ дар ихтиёри мусулмонон қарор дод, аммо ин намозхона дар поёнаи ҷанубии муҳаввата воқеъ шуда ва бисёр дур аст.

Юсуф Аҳмад, яке аз аъзои иҷроии Анҷумани исломӣ дар ин бора мегӯяд, аз назари андоза бисёр олӣ аст, аммо макони он барои бисёре аз аъзои дур ва ғайриқобили дастрас аст. Баъзе аз аъзо метавонанд бо истифода аз автобуси ҷадид худашонро бирасонанд, аммо бархе аз аъзои мо, ки аз коркунони донишгоҳ ҳастанд дар масири убури автобус қарор надоранд ва ин ҳазинаи изофӣ барои онҳо аст.