Октябр 17, 2019 19:26 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Амрико ба думболи бесубот кардани Русия аст

Раиси Думаи Русия ҳушдор дод, давлати Амрико ба дунболи танишофаринӣ ва эҷоди ноамнӣ дар Русия аст.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Вячеслав Володин, раиси Думаи Русия имрӯз (панҷшанбе) дар нишасте бо Диосдадо Кабело, раиси Маҷлиси муассисони Венесуэла бо ишора ба мудохилаи Амрико дар умури дохилии кишварҳои ҷаҳон гуфт, иқдомоти Вашингтон фақат ба мавзӯоти муртабит бо иқтисод ва таҳрим маҳдуд намешавад.

Володин афзуд, интишори масирҳои роҳпаймоии ғайриқонунӣ дар як вебсайти сафорати Амрико дар Маскав ва тарғиби шаҳрвандони рус ба мушорикат дар ин роҳпаймоиҳо ба василаи хуруҷиҳои расонаҳои давлати Олмон, равишҳои шинохта шудаанд.

Тазоҳуроти ғайриқонунӣ, дар ҳимоят аз номзадҳое, ки муҷаввизи сабти ном дар интихоботи маҳаллиро касб накардаанд, дар июл ва августи 2019 дар Маскав баргузор шуданд.

Комиссияи таҳқиқи Дума, дар моҳи август оғоз ба кор кард, то таҳқиқотеро дар бораи иқдомоти бархе дипломатҳо ва расонаҳои хориҷӣ дар даврони эътирозоти ғайри қонунӣ дар Маскав анҷом диҳад.

Мақомоти Русия, аз нақши расонаҳои ғарбӣ барои эҷоди ошуб ва ноамнӣ дар ин кишвар хабар доданд.

 

Барчасп