Октябр 18, 2019 18:40 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди сенатори амрикоӣ аз рафтори нангини Трамп дар Сурия

Сенатори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ, иқдомҳои раиси ҷумҳурии Амрико барои танҳо гузоштани муттаҳидони ин кишвар дар Сурияро ба масобаи Лаккаи нанге бар таърихи Амрико тавсиф кард.

Мит Ромнӣ сенатори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ иқдоми Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрикоро дар баробари курдҳои Сурия ба шиддат мавриди интиқод қарор дод ва гуфт; иқдоми Трамп дар Сурия лаккаи нанге дар таърихи Амрико аст.

Ромнӣ,бо таъкид бар ин,ки давлати Трамп ва Туркия тавофуқи оташбаси шимоли Сурияро пирӯзи нишон медиҳанд,афзуд; ин мавзуъ бо пирӯзӣ фосилаи зиёде дорад.

Сенатори ҷумҳурихоҳ,бо интиқод аз амалкарди раиси ҷумҳурии Амрико гуфт; суолоти ҷиддӣ дар бораи тасмими Трамп барои хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия вуҷуд дорад ва вай бояд тавзеҳ диҳад чаро нерӯҳои курдро,ки аз муттаҳидони Амрико ба шумор мераванд, танҳо гузоштааст.

Майк Пенс муовини раиси ҷумҳурии Амрико панҷшанбе шаб пас аз дидор бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳурии туркия дар Анқара эълом кард, Амрико бо Туркия бар сари барқарории оташбаси 5 рӯза дар шимоли Сурия тавофуқ кардааст.

Бар асоси тавофуқи Амрико ва Туркия, Анқара амалиёти низомӣ дар шимоли Сурияро аз минтақаи ба истилоҳ Амн тасҳил хоҳад кард ва баъд аз ин ақибнишинӣ, оташбаси доимӣ барқарор хоҳад шуд.

Барчасп