Интиқоди авфи байналмиллал аз ҳамлаҳои Туркия ба Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47671-Интиқоди_авфи_байналмиллал_аз_ҳамлаҳои_Туркия_ба_Сурия
Созмони авфи байналмиллал бо интишори баёнияе ҳамлаҳои 9 рӯзаи артиши Туркия ба шимоли Сурияро маҳкум кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 18, 2019 21:09 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди авфи байналмиллал аз ҳамлаҳои Туркия ба Сурия

Созмони авфи байналмиллал бо интишори баёнияе ҳамлаҳои 9 рӯзаи артиши Туркия ба шимоли Сурияро маҳкум кард.

Созмони Авфи байналмиллал рӯзи ҷумъа (18 октиябр ) бо интишори баёнияе зимни маҳкум кардани ҳамлаҳои 9 рӯзаи артиши Туркия ба шимоли Сурия эълом кард, низомиёни Туркия дар ҷараёни ин амалиёти низомӣ муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ шудаанд.

Дар баёнияи Авфи байналмиллал ҳамчунин омадааст тибқи шоҳидҳои ба даст омада, минтақаҳои маскунӣ беҳеҷ мулоҳизае ҳамчун мавозеъи низомӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Кумӣ Нойду дабири кули Авфи байналмиллал эълом кард,ки Туркия масули иқдомоти гурӯҳҳои мусалаҳ аст. Туркия ба ин гурӯҳҳо иҷоза дода муртакиби ҳар навъи ҷинояте шаванд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳурии Туркия чоршанбе 9 октиябр дастури оғози амалиёти артиши ин кишвар дар шимол шарқи Сурияро содир кард; иқдоме,ки бо вокуниши манфии бисёре аз кишварҳо рӯ ба рӯ шуд. Амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия бо ҳамоҳангии талвиҳӣ бо Амрико иҷро шуд.