Октябр 19, 2019 17:27 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори қурбониёни инфиҷори террористии масҷиде дар Афғонистон

Шумори қурбониён ва захмиҳои ҳамлаи террористӣ ба масҷиде дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон ба беш аз 120 тан афзоиш ёфт.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Атоуллоҳи Хугиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, бар асари ду ҳамлаи мушакии зӯҳри рӯзи ҷумъа ба масҷиде дар минтақаи Ҷӯдараи шаҳристони Ҳасаки Минеи ин вилоят, то кунун 62 намозгузор ҷон бохта ва 60 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Ин дар шароите аст, ки ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, эҳтимоли афзоиши шумори қурбониёни ин ҷиноят бо таваҷҷуҳ ба теъдоди захмиҳо вуҷуд дорад.

Пеш аз ин шумори қурбониёни ин инфиҷорҳои террористӣ 20 куштаву 50 захмӣ эълом шуда буд.

Ин ҷиноят ҳангоме рӯй дод, ки намозгузорон дар ҳоли баргузории намози ҷумъа буданд.

Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар паёме зимни маҳкум кардани ин ҷинояти террористӣ эълом кард, ин гурӯҳ ҳеҷ нақше дар ин ҳамалот надошта ва масъулияти он бар ӯҳдаи гурӯҳи террористии ДИИШ аст.

Гурӯҳи такфирии ДИИШ дар бархе аз манотиқи вилояти Нангарҳор, аз ҷумла Очин ҳузури фаъол дорад.

 

Барчасп