Октябр 20, 2019 12:37 Asia/Dushanbe

Ширкати муътабари додаковии talk walker гузориш дод, ки иборати "Ҳуббул Ҳусайн яҷмауно" дар Твиттер ба дуввумин тренди ҷаҳонӣ табдил шуд.

Ба нақл аз шабакаи хабарии Алъолам, ба рағми сензураи густардаи расонаҳои байналмиллалӣ дар инъикоси Арбаин ба унвони бузургтарин маросими ибодии сиёсии ҷаҳон корбарони шабакаи иҷтимоии Твиттер аз саросари дунё дар пуйиши бузурги "Алҳусайн яҷмауно" бо интишори беш аз як миллиону 400 ҳазор пайём бо мавзӯи Арбаин ба тренди дуввуми ҷаҳонии Твиттер даст ёфтанд.

Мавзӯоте ё твиттҳое, ки дар заминаи хоссе иросл мешаванд ва дорои бештарин мушорикаткунанда дар як замони аз рӯз ҳастанд ба истилоҳи твиттерӣ тренд мешаванд.

Ҳашттаги "Алҳусайн яҷмауно" агар чи аз моҳи муҳаррам оғоз шуда буд, аммо дар як ҳафтаи охири Арбаин тавонист беш аз 290 миллион зарфият барои боздиди аконтҳои Юник (саҳифаҳои тиҷорӣ) эҷод кунад.

Ин ҳашттаг тавонист дар як ҳафтаи ахир як миллиону 700 ҳазор бор вокуниши корбарони Твиттерро ба ҳамроҳ дошта бошад.

Мондагории беш аз 5 соатаи ин калидвожа дар ҷойгоҳи аввали трендҳои ҷаҳонӣ аз нимаи дуввуми рӯз шанбе  қобили таваҷҷуҳ аст.

Иборати "Ҳуббул Ҳусайн яҷмауно" ё "Алҳусайн яҷмауно"  ба маънои он аст, ки ишқ ба имом Ҳусайн (а) моро гирди ҳам меоварад ва ин ҷумла, ки дар Арбаини Ҳусайнӣ шиори аслии зоирони пиёда маҳсуб мешавад намоди ҳузури ашхосе аз нажодҳо, забонҳо ва миллиятҳои мухталиф дар роҳпаймоии миллионии Арбаин аст, ки танҳо ишқ ба имом Ҳусайн (а) онҳоро гирди ҳам овардааст.