Баргузории роҳпаймоии арбаини Ҳусейнӣ (а) дар Лондон
(last modified Mon, 21 Oct 2019 06:54:58 GMT )
Октябр 21, 2019 11:54 Asia/Dushanbe

Мусалмонон ва иродатандон ба хонадони Паёмбари акрам (с) аз қишрҳо ва миллиятҳои мухталиф рӯзи якшанбе барои эъломи вафодорӣ ба ормонҳои ҳазрати Саиду шуҳадо (а) , оини бошукӯҳи роҳпаймоии арбаини Ҳусенӣ (а) ро дар Лондон баргузор карданд.

Ба нақл аз Садо ва симо, маросими арбаини Ҳусейнӣ (а) дар Лондон аз зуҳри рӯзи якшшанбе бо иқомаи намози зуҳр ва аср ба имомати Ҳуҷатулислом валмуслимин Мусавӣ раиси маркази исломии Британия дар майдон Морбел Арч дар маркази Лондон оғоз шуд ва сипас суханронон ба забонҳои англисӣ, арабӣ ва урду, абъоди шахсияти имом Ҳусейн (а) ва воқеъаи Ошуроро барои ҳозирон ташриҳ ва фалсафаи барпоии оинҳои роҳпаймоии арбаини Ҳусейниро барои онон баён карданд.

Сипас дилдодагони Ҳҳусейнӣ аз милиятҳои мухталиф аз ҷумла англисӣ, ироқӣ, афғонистонӣ, покистонӣ, лубнонӣ, эронӣ ва ҳиндӣ ва баҳрайнӣ дар фазои оканда аз самимият ва маънавият дар ҳоле,ки байрақҳои мазин ба номи мубораки имом Ҳусейн (а) ва асҳоби бовафои эшонро дар даст доштанд роҳпаймоии худро оғоз карданд.

Дар ин роҳпаймоӣ ба ёди паёмовари Карбало ҳазрати Зайнаби Кибирё (с) ҳазорон зани мусалмон аз кишварҳои мухталиф перави ин намоиш буданд.

Ҷавонони мусалмон низ бо тавзеъи гул ҳамроҳ бо фарозҳое аз суханони гуҳарбори ҳазрати  Абоабдуллоҳ Алҳусейн (а) ва шарҳи мухтасаре аз воқеъаи Ошуро, фаалсафаи ин роҳпаймоиро барои садҳо нафаре,ки назорагар буданд ташриҳ карданд.

Шефтагони мактаби Ҳусейнӣ (а) дар сукути маънодори расонаҳои ғарбӣ дар  пушиши бузургтарин иҷмоъи динии ҷаҳон дар Карбалои муало, ҷилваи дигаре аз ишқ ва дилдодагӣ ба сарвар ва солори шаҳидон ва асҳоби бовафои эшонро дар қалби Аврупо ба сабт расонданд.

Шанбеи бистуми моҳи сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ ( 19 2019 ) арбаин ( чилуми ) шаҳодати ҳазрати имом Ҳусейн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало буд.

Миллионҳо зоир аз саро сари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими арбаини Ҳусейнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ шуданд.

Бар асоси омори расмии манбаъҳои Ироқӣ, беш аз 17 миллион зоир дар маросими пиёдаравии зиёрати арбаини имсол дар Ироқ ширкат карданд.