Ҳимояти Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз тавофуқи сулҳ бо Ҳикматёр
(last modified 2016-09-25T16:05:29+00:00 )
Сентябр 25, 2016 21:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз тавофуқи сулҳ бо Ҳикматёр

Дар ҳоле, ки бархе аз маҳофил дар Афғонистон талош карданд, то ҷиноҳи Абдуллоҳ Абдуллоҳро мухолифи раванди сулҳ бо Ҳизби исломии Ҳикматёр нишон диҳанд, ҳайъати музокиракунандаи ин ҳизб дар дидор бо раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон таъкид кард, ки бидуни ҳамкорӣ ва ҳимояти содиқонаи вай раванди сулҳ муҳаққақ намешуд.

Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ, имзои тавофуқномаи сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Ҳизби исломии Ҳикматёр мунҷар ба гушоиши фасли тозае аз таҳаввулоти сиёсии ин кишвар шудааст. Зеро Афғонистон башиддат ниёзманди сулҳ ва амният аст ва гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки дар гузашта барои истиқлол ва ободонии ин кишвар бо душманони Афғонистон ҷанг кардаанд, дигар набояд рӯ дар рӯи ҳам қарор дошта бошанд .

Ба ҳамин далел Абдуллоҳ Абдуллоҳ ахиран эълом кард, ки ҷанг дар гузашта ба афғонҳо таҳмил шуда ва акнун ҳамаи гурӯҳҳо ва қабоил вазифа доранд, то ба хости мардум барои пайвастан ба раванди сулҳ посухи мусбат диҳанд .

Изҳороти Муҳаммад Амини Карим, раиси ҳайъати музокиракунанда ҳизби исломӣ дар дидор бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул мабнӣ бар инки ин ҳизб дар канори давлат бо мухолифон мубориза хоҳад кард, метавонад тавони сиёсӣ ва низомии давлати ваҳдати миллии Афғонистонро дар баробари мухолифони давлати ин кишвар тақвият кунад .

Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ дар ин дидор эълом кард, ки давлати Афғонистон хостори сулҳу субот дар ин кишвар аст ва ҳимоят аз тавофуқномаи сулҳ бо ҳизби исломӣ онро исбот мекунад .

Тардиде нест, мардуми Афғонистон на танҳо аз ҷанг хаста шудаанд, балки таҳаммули идомаи таниш ва даргириҳои қавмиро низ надорад. Ин бадон маъност, ки мардуми Афғонистон бахусус насли ҷавони ин кишвар интизор доранд, то раҳбарони ҷиҳодӣ, ки улгуи муқобила бо истеъмор ва мутаҷовизон дар Афғонистон маҳсуб мешаванд, бо канор гузоштани таассуботи қавмӣ ва қабилаӣ дар ҷиҳати сохтани кишваре мубтанӣ бар миллигароӣ талош кунанд .

Ҳимояти Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сулҳ бо Ҳизби исломии Ҳикматёр, ки паштун маҳсуб мешавад, баёнгари ҳамин воқеият аст ва инки ҷомеаи имрӯзии Афғонистон бояд ба самти эҷоди миллати воҳид ҳаракат кунад ва аз таъсиргузории масоили қавмӣ бар сиёсатҳои миллӣ иҷтиноб кунанд .

Баъди чанд даҳа ҷанг ва хунрезӣ дар Афғонистон фарзандони ин кишвар барои таҳсил ва сохтани Афғонистони обод ва озод ниёзманди амният ва оромиш ҳастанд ва ҳар гурӯҳе ғайри ин амал кунад, қатъан мавриди танаффури мардуми ин кишвар қарор хоҳад гирифт. Ба ҳамин далел тавофуқи сулҳ миёни ҳизби исломӣ ва давлати ваҳдати миллии Афғонистон бо истиқболи умумӣ дар ин кишвар рӯ ба рӯ шуда ва уфуқи равшанеро барои пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон эҷод мекунад .

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ҳам таъкид кард, давлати Кобул бо имзои тавофуқномаи сулҳ бо Ҳизби исломии Ҳикматёр ба мардуми ин кишвар ва ҷаҳон собит кард, ки барои барқарории сулҳ ва таъмини амният дар Афғонистон бо тамомии гурӯҳҳои мухолиф омодаи музокира ва имзои тавофуқномаи сулҳ аст.

Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини дуввуми раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон ҳам зимни ишора ба инки давлати ин кишвар бо сабру оғуши боз, мухолифони давлатро ба сулҳ даъват кардааст, ибрози умедворӣ кард, ки ин ҳизб бо саҳмгирӣ дар ояндаи Афғонистон ба созандагӣ дар кишвар кумак кунад.

 

Барчасп