Тасдиқи замони натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47804-Тасдиқи_замони_натоиҷи_аввалияи_интихоботи_раёсатҷумҳурии_Афғонистон
Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон аз эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии ахири ин кишвар дар рӯзи 28 октябр хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 23, 2019 11:46 Asia/Dushanbe
  • Тасдиқи замони натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон аз эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии ахири ин кишвар дар рӯзи 28 октябр хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Ово, Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон дар баёнияе афзуд: Маркази ҷамъоварии иттилооти рақамии ин комиссия дар тафоҳум бо нозирони номзадҳои раёсатҷумҳурӣ бозкушоӣ шудааст.

Пеш аз ин, Мавлоно Абдулло, узви Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон аз шикаста шудани қуфлу мӯҳр дар вурудии Маркази ҷамъоварии иттилооти рақамии ин комиссия тавассути чанд нафар аз нерӯҳои амниятии афғон хабар дода буд.

Бар асоси тақвими Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон қарор буд натоиҷи аввалияи интихоботи 28-уми сентябри раёсатҷумҳурии ин кишвар 19-уми октябр эълом шавад.