Октябр 23, 2019 15:24 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи Пентагон барои хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон

Вазорати дифои Амрико, Пентагон тарҳи хурӯҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистонро омода кард.

Ба нақл аз ИРНА, мақомоти Пентагон эълом кардаанд: Ин вазоратхона ба тозагӣ шурӯъ ба омода кардани тарҳи хурӯҷи ҳамаи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон кардааст.

Бар асоси ин гузориш, ин тарҳ ҳанӯз қатъӣ нашуда ва шомили эҳтимоли судури фармони Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мабнӣ бар хурӯҷи ҳамаи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон дар муддати ду ҳафта аст.

Скотт Миллер, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон низ аз коҳиши 2 ҳазор нафарии нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар соли 2018 хабар дод.

Амрико пас аз моҷарои 11 сентябри соли 2001 ба Афғонистон ҳамлаи низомӣ кард.

 

Барчасп