Шикояти корманди мусулмон дар Амрико ба хотири маҳрумият аз ҳуқуқи динӣ
Як корманди Вазорати васоили нақлияи моторӣ дар Ню-Йорк ба сабаби он ки ба вай иҷоза дода намешавад дар намозҳои ҷамоат ширкат кунад, аз ин ниҳод шикоят кардааст.
Шӯрои равобити исломии амрикоии шӯъбаи Ню-Йорк ба намояндагӣ аз ин корманд, ки номаш ошкор нашудааст, гуфт, шуғли ин шахс дар хатар аст.
Ин корманди мусулмон ба созмони ҳуқуқии кор гуфтааст: “Ман ба сабаби ин ки дар намозҳои ҷамоат ширкат мекунам ва дин бароям муҳим аст, дар маҳалли кор муҷозот шуда ва сахтгирӣ алайҳи ман эъмол мешавад”.
Ҳафтаи гузашта Шӯрои кор ҳамчунин ду шикояти ҷудогонаро ба комиссияи фурсати шуғлии баробар, марбут ба иддаои табъиз алайҳи коркунони мусулмон ироа дод.
Яке аз онҳо марбут ба як зани мусулмон аз иёлати Диловери Амрико буд, ки гуфта буд, ба далели доштани ҳиҷоби исломӣ аз вурудам ба маҳалли кор ҷилавгирӣ кардаанд. Шикояти дигар рафторҳои хасмонаи мудир ва ҳамкорони як корманди мусулмон дар иёлати Оҳайо буд, ки ба вай гуфта буданд: “мусулмонон ҳақ надоранд дар Амрико бошанд” ва Трамп ин корро мутаваққиф хоҳад кард”.
Аҳмад Муҳаммад, мудири додхоҳии Шӯрои кор дар Ню-Йорк гуфт, ин ки вазорати васоили нақлияи моторӣ дар Ню-Йорк барои муваккили мо тасҳилотеро фароҳам накарда то вай битавонад бар асоси ниёзҳои шаръии худ дар намози ҷамоат ширкат кунад, амре ғайриқобили қабул ва нақзи ошкори ҳуқуқи башар дар Амрикост.