Октябр 23, 2019 21:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳиҷоб дар Ғарб ба занони мусулмон эътимод ба нафси бештаре медиҳад

Бонувони мусулмони амрикоӣ мегӯянд, афзоиши алоқа ба пӯшиши исломӣ ва рӯсарӣ табдил ба фарҳанги омма шудааст.

Бонувони мусулмони амрикоӣ дар бораи таҷрибаи худашон дар солҳои ахир дар иртибот бо ҳиҷоб мегӯянд ва ин ки афзоиши алоқа ба пӯшиши исломӣ ва рӯсарӣ табдил ба фарҳанги омма шудааст.

Надя Сайид, донишҷӯи тозамусулмони донишгоҳи “Техас”, ки ба унвони як зани мусулмони муҳаҷҷаба бузург шуда, эҳсос мекунад, ки тарвиҷи фарҳанги ҳиҷобӣ дар ҷомеа ба ӯ кумак карда, муҳаҷҷабатар бошад ва беҳтар худро бишносад.

Пас аз дабиристон, ӯ шуруъ ба озмоиши рӯсариҳо бо рангҳои мухталиф кард. Вай акнун соҳиби 15 рӯсариҳои рангии мухталиф аст, ки бисёре аз онҳо рангҳои мухталифи сабз ва қаҳваӣ доранд.

Сайид муътақид аст, ёфтани роҳе барои идғоми ҳиҷоб бо чеҳрае, ки аз худаш ба ҷомеа нишон медиҳад ва омехтани фурӯтанӣ бо фарҳанги ҷадид, эътимод ба нафси бештаре ба ӯ бахшидааст.

Фоиқа Шерозӣ, устоди мутолеоти Ховари Миёна, ки рушди иқтисодии ҳиҷоби исломиро мавриди мутолеа қарор додааст, муътақид аст, касе, ки муҳаҷҷаба аст, дар айни ин ки ба ҷаҳон мегӯяд, ин дини ман аст ва интихоби ман аст, мегӯяд: ман ҳамон тавр, ки бихоҳам пӯшиши худро интихоб мекунам.

Вай дидааст, ки ҳиҷобиҳо ҷузъе аз фарҳанги имрӯзӣ шудаанд ва пешбинӣ мекунад, ки ин раванд ҳамчунон идома дошта бошад.