Октябр 27, 2019 18:56 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз иқдоми Амрико дар боздошти атбои рус

Сафорати Русия дар Амрико аз давлати ин кишвар хост, боздошти атбои рус дар саросари дунёро канор бигзорад.

Ба гузориши Спутник, ин ниҳоди Русия дар паи озодии як табааи рус, ки ба ҷурми ҷосусӣ дар зиндони Амрико ба сар мебарад, бо ишора ба маҳбус будани атбое аз Русия дар зиндонҳои Амрико, ки ба иттиҳомоти ҷаълӣ маҳкум шудаанд, аз Вашингтон хост, то аз созукорҳои мавҷуди марбут ба ҳамкориҳои ҳуқуқии дуҷониба истифода кунад.

Мария Бутина, шаҳрванди рус, ки дар моҳи апрел ба ҷурми ҷосусӣ дар Амрико ва пазириши ин иттиҳом зиндонӣ шуданд, рӯзи шанбе вориди Маскав шуд.

Иқдоми Амрико равобити Вашингтон ва Маскавро пуртаништар кард.

Вазорати умури хориҷаи Русия ҳукми Бутинаро нанге барои системаи қазоии Амрико хонд ва додгоҳи ин кишварро ба иҷрои дастуре сиёсӣ муттаҳам кард.

 

Барчасп