Ибрози нигаронии Русия аз барномаи мушакии Амрико
Муовини вазири умури хориҷаи Русия, барномаи мушакии Амрикоро нигаронкунанда тавсиф кард.
Ба нақл аз ИРНО, Александр Грушко муовини вазири умури хориҷаи Русия рӯзи сешанбе гуфт, Амрико барномаи тавлиди мушакҳои болдорро бо истифода аз саккуҳои мушакии МК-41 иҷро мекунад ва мо аз ин масъала нигарон ҳастем, зеро ин навъи сакуҳоро метавон барои партоби ҳар мушаке ба кор бурд.
Грушко афзуд, иддаоҳои ахири сулҳи дӯстонаи Амрико қобили эътимод нест ва Маскав ба диққат аломатҳоеро, ки Вашингтон мефиристад таҷзия ва таҳлил мекунад.
Муовини вазири умури хоиҷаи Русия эълом кард, Русия барои ҳар шароите дар масъалаи истиқрори мушакҳои кутоҳ ва миёбурди Амрико дар хоки Аврупо омодааст.
Грушко ҳамчунин гуфт, Амрико як мушаки мамнуъ шуда дар Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд (INF)-ро озмоиш кардааст.
Паймони дуҷонибаи мавсум ба нерӯҳои ҳастаии миёнбурди (INF) дар соли 1987 ба имзои сарони вақти Амрико ва Шуравӣ расид ва нақши асосӣ дар контроли таслиҳоти ҳастаӣ дар ҷаҳон дошт.
Бар асоси ин паймон, тавсеа ва корбурди тамоми мушакҳои ҳастаӣ ва ғайриҳастаии кутоҳ ва миёнбурд ба истиснои мушакҳои дарёӣ мамнуъ шуд.
Амрико моҳи август аз паймони INF хориҷ шуд ва сипас Русия низ ин паймонро тарк кард.