Интиқоди Дидабони ҳуқуқи башар аз таҳримҳои Амрико зидди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47961-Интиқоди_Дидабони_ҳуқуқи_башар_аз_таҳримҳои_Амрико_зидди_Эрон
Дидабони ҳуқуқи башар дар гузорише эълом кард, осори таҳримҳои зиддиэронии Амрико ба саломатии эрониҳо осиб расондааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 30, 2019 13:41 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Дидабони ҳуқуқи башар аз таҳримҳои Амрико зидди Эрон

Дидабони ҳуқуқи башар дар гузорише эълом кард, осори таҳримҳои зиддиэронии Амрико ба саломатии эрониҳо осиб расондааст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, бинобар эъломи Дидабони ҳуқуқи башар таҳримҳои давлати Амрико алайҳи воридоти доруҳои зарурӣ ба ин кишварро ба шиддат маҳдуд кардааст.

Дар ҳоле, ки давлати Амрико муддаии муофияти воридоти колоҳои башардӯстона алайҳи Эрон шуда, аммо Дидабони ҳуқуқи башар дар гузориши худ тасреҳ кардааст, ки ширкатҳои амрикоӣ ва аврупоӣ ба иллати тарокуниши молӣ, имкони содироти дору ба Эронро надоранд.

Соро Ли Витсон мудири Ховари Миёнаи Дидабони ҳуқуқи башар низ гуфт, мақомоти давлати Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико муддаӣ ҳастанд, ки дар канори мардуми Эрон қарор доранд, аммо режими таҳримҳои васиъи Амрико дар ҳоли осиб расондан ба ҳаққи саломатии мардуми Эрон аз ҷумла дастрасӣ ба доруҳои зарурӣ аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер аз фиребкории тозаи Амрико дар ташдиди терроризми иқтисодӣ зидди мардуми одии Эрон интиқод кард.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико 8 майи 2018 ба таври якҷонибаи хуруҷи кишварашонро аз БАРҶОМ эълом кард ва дар ду марҳила таҳримҳои ҳастаиро зидди Эрон бозгардонд.