Октябр 30, 2019 14:28 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Трамп дар бораи кушта шудани ҷонишини  Абубакр Албағдодӣ

Раиси ҷумҳури Амрико дар пайёме дар саҳифаи Твиттери худ навишт, ки ҷонишини аввали саркардаи гуруҳи ДИИШро низомиёни амрикоӣ куштаанд.

Ба нақл аз Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе дар пайёми твиттерии худ иддао кард, ҷонишини аввали Абубакр Албағдодӣ саркардаи гуруҳи террористии ДИИШ ба эҳтимоли зиёд болотарин радаро дар ин гуруҳи террористӣ дошта ва акнун низ мурдааст.

Ин дар ҳолест, ки Трамп ҳануз исме аз ин фард наёвардааст.

Пештар низ мақоми баландпояи Вазорати умури хориҷаи Амрико, ки номаш фош нашудааст мегуяд Абулҳасан Алмуҳоҷир сухангӯи гуруҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Ҷараблес дар вилояти Ҳалаб дар шимоил Сурия кушта шуд.

Як мақоми Вазорати дифои Амрико (Пентагон) рӯзи якшанбе муддаӣ шуд, ки саркардаи ДИИШ дар амалиёти артиши Амрико дар шимоли ғарби шаҳри Идлиби Сурия кушта шудааст.

Доналд Трамп низ соате баъд кушта шудани Албағдодиро дар амалиёти нерӯҳои амрикоӣ таид кард.

Вазорати дифои Русия, аммо бо интишори баёнияе муваффақиятомез будани ин амалиёти артиши Амрикоро зери савол бурд.

Гуруҳи террористии ДИИШ ба саркардагии Албағдодӣ дар солҳои ахир бо ҳимояти молӣ ва низомии Амрико, Арабистон ва режими саҳюнистӣ, бахшҳои васие аз Ироқ ва Сурияро ишғол кард ва ҷиноятҳои бешуморе дар ин ду кишвар ва бисёре дигар аз кишварҳои ҷаҳон анҷом дод.

Барчасп