5-уми обон; оғози понздаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар Марокаш
(last modified Wed, 30 Oct 2019 13:48:10 GMT )
Октябр 30, 2019 18:48 Asia/Dushanbe
  • 5-уми обон; оғози понздаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар Марокаш

Понздаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз, тартил ва тафсири Қуръони Марокаш ҷоизаи Муҳаммади Шашум, аз рӯзи якшанбе, 5-уми обон оғоз мешавад ва то 15-уми обон идома дорад.

Ин давра аз мусобиқот дар шаҳри Касабланка ва бо ҳузури 55 ширкаткунанда аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор хоҳад шуд.

Ба нақл аз ИКНА, ширкаткунандагон дар ин мусобиқот дар ду ришта: "ҳифзи комили Қуръон ҳамроҳ бо тартил ва тафсири ҳизбҳои 57, 58, 59 ва 60, тафсири маънои вожагон, асбоби нузул, балоғат" ва "Ҳифзи 5 ҳизб ҳамроҳ бо таҷвид" ба рақобат мепардозанд, ки ширкаткунанда дар риштаи дуввум ба се суол посух медиҳад, ки илова бар ҳифзи оёт бояд ҷавониби таҷвид, ҳусни савт ва мақомоти қуръониро риоят кунад.

Дар ҳамин росто, бахши улуми қуръони вобаста ба Идораи таблиғот ва иршоди динии Вазорати авқоф ва умури исломии Қатар эълом кард, ки намояндаи Қатар дар ин давра аз мусобиқот Абдулазиз Абдуллоҳ Алҳимрӣ аст, ки дар риштаи ҳифзи комили Қуръон ҳамроҳ бо тартил ва тафсир ҳузур хоҳад дошт.